Ташкилоти Амонатии Карзии
Хурд ТАКХ «Зудамал»

Ба соҳибкорони хурд ва миёна

 

ОВЕРДРАФТ 
Ин намуди қарз гузаронидани (иҷро кардани) супоришномаҳои пардохтии мизоҷро ва ё додани маблағҳои пулии нақдиро дар ҳаҷми пешакӣ муқарраргардида дар ҳоли мавҷуд набудани воситаҳои пулӣ дар суратҳисоби ҷорӣ ва ё асъории ташкилот ва ё соҳибкори инфиродӣ пешбинӣ менамояд. Аввалин воситаҳои пулии ба суратҳисоби ҷорӣ ва ё асъории қарзгиранда дохилшаванда бояд дар тартиби бепазира (беакцептӣ) ба пардохти ӯҳдадории овердрафтии мизоҷ равона карда шавад.
Муҳлати овердрафт то 12 моњ муайян карда мешавад, маблағи ниҳоии (калонтарини) овердрафт набояд зиёдтар бошад аз 1/2 ҳиссаи гардиши миёнаи ҳамаи суратҳисобҳои мизоҷ дар як моҳ, ки бо мақсади ҳисобкунӣ гардиши на камтар аз шаш моҳа гирифта мешавад. Ҳангоми ҳисоб намудани маблағи ниҳоии овердрафт маблағҳои аз як суратҳисоб ба суратҳисоби дигари мизоҷ мубодилакардашуда бояд ба инобат гирифта нашаванд. Додани овердрафт ба қарзгирандагоне, ки дар ҶДММ ТАҚХ «ЗУДАМАЛ» қарз доранд, иҷозат дода мешавад.

 

Маълумоти мухтасарАсъор
Ҳаҷми минималии қарз ва максималии қарз Аз 440 ТО 500000 сомонӣ бо Эквиваленти доллари ИМА
Мӯҳлати қарз Аз 1 моҳ то 12 моҳ

 

МАКТУБИ КАФОЛАТӢ ВА ЗАМОНАТ.
Ташкилот мутобиқи дархости мизоҷи худ кафолати худро ба манфиати қабулкунандаи кафолат медиҳад, ки қабулкунандаи кафолат дар ҳолати шартҳои дар кафолатнома нишондодашуда ҳуқуқ дорад, ки ба Ташкилот оиди иҷро намудани ӯҳдадории қаблан ба зима гирифтааш хабарнома фиристад (дар ҳоли дар суратҳисоби мизоҷ мавҷуд набудани сарчашмаи пардохт, маблағи ӯҳдадории кафолатӣ метавонад чун ӯҳдадории қарзии ӯ ҳуҷҷат кунонида шавад).
Пешниҳоди маблағгузориҳои савдо ба воситаи аккредитиви ҳуҷҷатӣ, маблағгузориҳои лоиҳавӣ, амалиётҳои лизингӣ ва факторингӣ ба воситаи қонунҳои дахлдор, дастурамалҳо ва шарҳу тавзеҳномаҳои Бонки миллии Тоҷикистон ва низомномаҳои дохилии ҶДММ ТАҚХ «ЗУДАМАЛ» ба танзим дароварда мешаванд.

Қурби асъор

 
  USA
9.6967
9.6967
  EUR
10.7265
10.7265
  RUB
0.1021
0.1021
  SUM
1.3882
1.3882
  CNY
9.7937
9.7937
Қурби асъор аз http://nbt.tj
ба (2019.11.19)

Қурби асъор



Қурби асъор аз http://nbt.tj
на (2019.11.19)