Ташкилоти Амонатии Карзии
Хурд ТАКХ «Зудамал»

Дар бораи бонк


       ҶДММ ТАҚХ «ЗУДАМАЛ» ҳамчун Ташкилоти тиҷоратӣ асосан ба намудҳои гуногуни қарздиҳӣ такя намуда, хизматрасониҳои молиявиро пешниҳод менамояд. Дар рафти омодасозии сиёсати мазкур кӯшиш ба харҷ дода шуда буд баҳри тайёр намудани роҳнамои махсус нисбати шартҳо, сиёсат ва қоидаҳое, ки мувофиқи онҳо Ташкилот фаъолияти худро дар самти додани қарзҳо ба иҷро мерасонад ва омодасозии ин сиёсат Ташкилотро бо намунаҳои олитарини таҷрибаи Ташкилотдорӣ дар як қатор мегузорад ва гувоҳи он аст, ки мақсади Ташкилот инҳоянд:


- ҳимоя намудани захираҳои пасандозие, ки дар Ташкилот ҷойгир карда шудаанд;
- дар самти гирифтани қарзҳо қонеъ гардонидани талаботи аҳолие, ки ба соҳибкорӣ машғуланд, бо дарназардошти табақаи камбизоати аҳолӣ ва ононе, ки нокифоя хизматрасонӣ карда мешаванд, инчунин аҳолие, ки дар манотиқи нисбатан дурдасти кӯҳистон зиндагонӣ доранд;
- пуштибонӣ кардан аз сиёсати қарзӣ барои манфиат ва роҳнамоии ҳайати кормандон, аудиторони берунӣ ва мақомотҳои Шуъбакунандаву танзимкунанда, ки ин сиёсат ва тартиби мураттаб ва шаффофро нишон медиҳад, ки мувофиқи он Ташкилот фаъолияти худро дар самти қарздиҳӣ ба роҳ мемонад;
- ҳайати кормандони қарзиро оиди фарҳанг, сиёсат ва тартиби қарзии Ташкилот огоҳ кардан;
- ҳимоя намудан ва вусъат додани маблағгузории саҳмиядори Ташкилот;
- пуштибонӣ кардан аз шӯҳрати Ташкилот ҳамчун як институте, ки дар фаъолияти асосии қарздиҳии худ навовариҳоро дорост.
Мақсади Ташкилот ба талаботҳои (стандартҳои) беҳтарин мутобиқ кунонидани ҳама ҷабҳаҳои фаъолияти қарзӣ мебошад.
. ОЯНДАИ ТАШКИЛОТ
Дар ояндаи худ Ташкилот кӯшиш менамояд, то таъминкунандаи пешсаф ва эътирофгардидаи хизматрасониҳои молиявӣ дар Тоҷикистон бошад, ки ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва рушди иқтисодӣ дар сатҳи миллӣ бо роҳи таъмин намудани хизматрасониҳои қавии молиявӣ, ки асосан барои тараққии соҳибкории хурду миёна ва рушди соҳаи хоҷагии қишлоқи ҷумҳурӣ, махсусан дар манотиқи куҳӣ равона гардидаанд, мусоидат менамояд.

 

ВАЗИФАҲОИ ТАШКИЛОТ
- Ташкилот ба таъмини хизматрасониҳои қавии молиявӣ ва Ташкилотӣ барои бозори мақсадноки худ кӯшиш менамояд.
- Ташкилот устувор мешавад, яъне ба пурра пӯшонидани хароҷотҳо аз ҳисоби даромадҳо ва захира намудани фондҳои иловагӣ барои маблағгузорӣ намудани вусъатдиҳии фаъолияти оянда ноил мегардад.
- Ташкилот ба ҳудуди фарохи ҷуғрофӣ ва хизматрасонӣ ноил мегардад.
- Ташкилот таҷрибаи ҳайати Шуъбакунанда, инчунин таҷрибаи институтҳои молиявиро, махсусан онҳоеро, ки дар минтақа фаъолона амал мекунанд, истифода намуда, усулу тартиботҳои амалии беҳтаринро тартиб медиҳад.
- Ташкилот барои расидан ба ҳамкориҳои минтақавӣ ва мутобиқат дар пешниҳоди хизматрасониҳои молиявӣ бо институтҳои дигари молиявии дар минтақа амалкунанда кор мекунад.
- Ташкилот барои ҷавобгӯй будан ба талаботҳои муҳити атроф ва бехатарӣ, инчунин барои иҷро намудани ӯҳдадориҳои иҷтимоии худ, масалан барои он ки меҳнати кӯдакона ва маҷбурӣ, софкории пул ва маблағгузории фаъолияти террористиро маблағгузорӣ накунад, инчунин ба истеҳсол, фурӯш ва истифодабарии маводи нашъа монеъ шавад, вазифаҳои худро иҷро менамояд.

Қурби асъор

 
  USA
9.6967
9.6967
  EUR
10.7265
10.7265
  RUB
0.1021
0.1021
  SUM
1.3882
1.3882
  CNY
9.7937
9.7937
Қурби асъор аз http://nbt.tj
ба (2019.11.19)

Қурби асъор



Қурби асъор аз http://nbt.tj
на (2019.11.19)